Мубориз Усмонов и Мадина Акназарова – Кам-кам дил меканам Текст


Язык песни: Таджикский

Мубориз Усмонов и Мадина Акназарова – Кам-кам дил меканам Текст

Вақте ки ту бо манӣ,
Ҳарфи ширин мезанӣ,
Мебарӣ дили маро,
Меравӣ, вале чаро.
То кай охир сад баҳона,
Надонам ошиқӣ ё на,
Фаромӯш мекунӣ чаро вафои маро?!

Нигаҳи ту бешарар,
Аз дили ман бехабар,
Ки на ошиқам будӣ,
Ту на содиқам будӣ,
Бе гиряи дил, бесадо,
Туро мекунам раҳо,
Ту ҳам дигар рафтӣ, макун хаёли маро.

Кам-кам дил меканам,
Гарчи мушкил меканам,
Кам-кам ёд мекунӣ,
Маро фарёд мекунӣ.
Вале зи ту дурам ман,
Дил-дил ранҷурам ман,
Магӯ маро ту ҳаргизам,
Дигар азизам.

Хатои дилам чӣ буд,
Бигӯ мушкилам чӣ буд,
Ба дилам наво нашуд,
Аз ту як садо нашуд.
Бошиву вале илтиҷо,
На, ба ёди ман наё,
Фаромӯш мекунам нозу адои туро!

Ҳамеша барат будам,
Гӯё дилбарат будам,
Нигаҳи ту во нашуд,
Ошиқӣ зи мо нашуд,
Фосилаи дил то куҷо,
Ки намешнавӣ маро,
Фаромӯш мекунам туву садои туро!